Рекорди “шарри сиёҳ” дар Аврупо

Мушаххас нест, ки фаъоли ҷамъиятии шведӣ чӣ бархӯрде ба ин иттилоъ хоҳад дошт, аммо расонаҳои ғарбӣ бо таассуф тазаккур медиҳанд, ки қимати ангишт дар бозорҳои Аврупо ба таври рекордӣ афзоиш ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik, Сергей Савчук. Дар биржаҳои Роттердам, Амстердам ва Антверпена ширкатҳои умда барои як тонна маводи сӯхт 137 доллар пардохт мекунанд, ки ҷаҳони мутамаддин ба маънии воқеии калима ваъда дода буд, ба зуболадони таърих хоҳад рафт. Эҳёи бозории ангишт ба далели афзоиши қимати гази табиӣ ба вуҷуд омад. Вазъ ба ҳадде мураккаб аст, ки суҳбатҳои ошкоре дар ҷиҳати лағви барномаи ҳазфи тадриҷии тавлид аз тариқи зуғолсанг матраҳ мешавад. Ба унвони мисол, ширкати инглисии “Дракс”, ки молики яке аз пойгоҳҳои барқи ангиштӣ дар ин кишвар аст, эълон кард, ки омодааст, дар сурати лузум ба хотири таъмини амниятӣ энержӣ дар шоҳигарӣ фаъолияти пойгоҳашро боздорад. Ин изҳорот асосӣ воқеӣ дорад. Тавре гуфта мешавад, Лондон ҳанӯз аз миёнаҳои тобистон ба гунаи махфӣ масорифи кормандони умури ангиштканиеро, ки ба таъмини нерӯи барқ иртибот доранд, мепардозад.
Вазъ марҳала ба марҳала хароб мешавад ва ин вазъро коршиносони аврупоӣ ба пур набудани махзанҳои зеризаминии газ, ғайриимкон будани афзоиши якбораи қимати арзаи ангишти Австралия, Африқои Ҷанубӣ, Колумбия ва Русия рабт медиҳанд. Иттифоқи ахирӣ ба хости умуми кишварҳои Аврупо ба вуҷуд омад. Иттиҳоди Аврупо аз соли 1990 истифода аз навъҳои ангиштро коҳиш дод. Истифодаи ангиштсангро аз 400 миллион тонна ба 150 миллион тонна ва аз ангишти қаҳваиро аз 750 миллион ба 250 миллион коҳиш дод.
Аҷиб ин аст, дар ҳар кишваре, ки истифода аз ангишт зудтар ва ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфтааст, имрӯз қимати нерӯи барқ низ афзоиш ёфтааст. Ба унвони мисол дар Олмон, кишваре, ки чоҳи Рури мамлув аз ангишти қаҳваӣ он ҷост, истифода аз он тайи чаҳор соли охир аз 170 миллион тонна ба 120 миллион тонна расид. Имрӯз, дар ҳоле ки таърихи судури муҷаввизи “Маҷрои Шимол-2” мушаххас нест, қимати газ ҳудуди 800 доллар шудааст. Операторҳои миллӣ мегӯянд, соли оянда як мегаватт-соат нерӯи барқ дар Олмон на камтар аз 100 евро хоҳад буд.
"Бозии тӯлонӣ". Сиёсатшинос дар бораи шарти сенаторҳои ИМА оид ба "Маҷрои шимол 2"
Ошуфтагии феълӣ дар бозори барқ ва афзоиши чашмгири қимати тавлиди он шароити бозгашти иҷборӣ ба “тилои сиёҳ”-ро ба шеваи ногузир ва пешгӯинашаванда фароҳам мекунад.
Сухан аз ин ҷост, ки истифода аз ангишт ва коҳиши ҷойгоҳи умдаи он дар бозор на аз дирӯз, балки 20 қабл шуруъ шуда буд. Дар солҳои 60-70-уми асри гузашта дар Аврупо картели нафтие мувсум ба “Ҳафтхоҳарон” ба вуҷуд омад. Ин картел ширкатҳоеро шомил мешуд, ки баъдтар ғулҳои мудерн аз он ба вуҷуд омаданд. Ин ширкатҳо “British Petroleum”, “Chevron”, “Royal Dutch Shell” ва “ExxonMobil” мебошанд, ки сари ширкатҳои асосгузори худро хӯрданд.
Бунёдгузорони ин ширкатҳо 60 сол қабл барои аввалин бор ва ба таври куллӣ дунболи ангишт ва маводи сӯхт, ки асоси инқилоби саноатиро ташкил додаанд, ба шукуфоии имрӯзи ҷаҳон поя гузоштанд, шуданд. Нафтеро, ки дар ҷойгоҳи дувум қарор дошт, рисолати дувуми энержӣ эълон карданд, ки тавонони мубаддал шудан ба асоси энержӣ ва ҷавобгӯӣ ба талаботи тамаддани рӯ ба рушдро дошт. Дар натиҷаи бозиҳои пардарӯшона ширкатҳои умдае, ки бо ангишт сарукор доштанд, аз бозори ангишт берун карда шуданд.
Замони мо низ картелҳои ҷадидро сари кор овард. Дақиқан тибқи улгӯҳои мушобеҳ, аз тариқи таблиғи расонаӣ ноҷиҳои ҷадиди башарият ва қабати озондор пайдо шуданд. Ҳама гуна талошҳо дар бораи он ки энержии таҷдидпазир танҳо қадамҳои аввали худро мегузорад ва наметавонад ҷойгузини комили ҳидрокарбонҳо бошад, таҳти уқёнуси овозоҳа, матолиб ва таҳқиққоти яктарафа қарор гирифтанд. Агар ин навор каме ба қафо гардонида шавад, мебинем, ҷаҳоне, ки акнун ба нафт ва газ даст ёфтааст, бо гузариш ба энержии таҷдидпазир бинобар инҳорофи ҳадди ақал аз меъёрҳои иқлимӣ ба ларза уфтод, чун ин боиси хомӯш шудани барқ гашт. Ба унвони мисол метавон аз хомӯш шудани барқ дар ҷануби ИМА дар зимистону тобистони гузашта ёд кард.
Яке аз кишварҳои Аврупо шикаст дар набард алайҳи "Маҷрои шимол - 2"- ро эътироф кард
Соли ҷорӣ кулли нафаронеро, ки мехостанд ҷараёни муосирро дунбол кунанд, ҳушдор дод, ки қонунҳои физика устуворанд ва гузаштаҳои мо аҳмақтар аз мо набуданд. Панелҳои офтобию бодӣ дар ҳоле фаъолият хоҳанд кард, ки обу ҳавои мувофиқ барои онҳо фароҳам шавад, аммо нафту газ ҳамеша мубодилотро гардиш медиҳанд ва ниёз ба хатти лӯлаи гарон, махзан ва корхонаҳои бузурги кимиёӣ доранд. Бар маҳзи ин ки ин ҳама ҷаҳонро ба мушкил мувоҷеҳ мекунад, зуғолсанги хӯфта дар анборҳо, ҳаётҳо, банодири маъдананду ба ҳар нуқтае аз ҷаҳон сафар мекунанд ва ба ҳамон тарзе ки дар бӯхориҳои хонаҳо месӯзанд, ба ҳамон тарз дар оташдонҳои нерӯгоҳҳо ё бӯхориҳои фулодӣ месӯзанд.
Экологҳо ва лоббистҳои энержии ҷойгузин саргами ин иттилоъ буданд, ки Чин аз сармоягузории сохтмони пойгоҳҳои тавлиди нерӯи барқи ангиштӣ даст мекашад. Аммо Пекин аз ин кор даст бардоштанӣ нест. Дар панҷсолаҳои наздик Чин чиҳил нерӯгоҳи ҳароратӣ ва 18 бухории муосир сохтанист. Ба ин хотир ёдовар мешавем, ки Чин ҳамасола 4,98 миллиард тонна зуғолсанг месӯзонад ва маҷмӯи тавони иншоооти марбут ба он дар ин кишвар ба 1 080 гигаватт мерасад. Ин бештар аз онест, ки нерӯгоҳҳои ҳароратию ҳастаии Русия тавлид мекунанд. Истихроҷи ангишт дар Чин коҳиш пайдо мекунад ва равобити Аврупову Австралия дар нуқтаи поёни қидмати таърихӣ қарор дорад. Албатта, ин ҳама дари имконот бар рӯи Русияро боз мекунад.
Донистани он хуш аст, ки роҳбарияти кишвар инро ҳам мефаҳмад.
Як моҳ пеш корҳо барои пайвастани шохаи шарқии магистрали Байкалу Амур дар Улак ва Февралск оғоз ёфт. Муҷрии асосӣ ва ягонаи ин кор Вазорати мудофиаи Русия ва нерӯҳои низомии марбут ба роҳи оҳан буданд. Дар аввал пешбинӣ шуда буд, ки навсозии қитъаи 340-километрӣ дар соли 2024 ба анҷом мерасад, аммо ба зудӣ муовини вазири дифои Русия, генерали артиш Дмитрий Булгаков гуфт, ки артиш як сол пештар ин корро анҷом медиҳад.
Оё метавонад гази амрикоӣ ҷойгузини гази Русия шавад?
Сеюми сентябр дар ҳошияи Ҳамоиши иқтисодии шарқӣ Владимир Путин эълон кард, ки Кремл феҳрасти маҳалҳои зист дар имтидоди Бузургроҳи Байкалу Амурро омода кардааст ва тавре ки дар пойтахт шуд, ин амокин ҳам бозсозӣ мешаванд. Яъне мо аллакай метавонем ҳамчун як шарики воқеӣ бигӯем, ки Русия ба Шарқ рӯ меорад ва маҳз бозорҳои Осиё ва уқёнуси Ором платформае хоҳанд шуд, ки ангишти Кузбасс дар доираи барномаи рушди саноат он ҷо меравад.
Ба ҳар ҳол Аврупо метавонад бо ёдоварӣ аз қонунҳои физика ва иқтисод насли худро мутаодил кунад. Дар Уст-Луга терминали ангишт сохта шуда истодааст ва ангиштканони Кемерово бо хушнудӣ бар тавлидот меафзоянд. Танҳо интизори он аст, ки муждаи навбатии инқилоби нави энергетикӣ дар саҳна пайдо шавад, чунон ки дар тӯли асри гузашта аллакай ду маротиба рух дод.