ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Раёсати мусалмонҳои Русия ҳалли ихтилоф миёни диаспораҳо дар ин кишварро бо истифода аз зӯр маҳкум мекунад, омадааст дар изҳороти ин ниҳод.
"Дар робита ба ихтилофҳои ахири миёни гурӯҳҳои муҳоҷир роҳандозии сиёсати ҳазмшуда дар ин бахш, таҳияи низоми мутобиқшавию ҳамгироии муҳоҷирон муҳим мебошад",-изҳор доштааст раёсат.
Ин ниҳод шеваи роиҷи бархӯрд дар пайи ҳолатҳои содиршавии ҷиноётро номақбул хонда, муҳим хондааст, ки чораҳои пешгирӣ низ роҳандозӣ гарданд.
Раёсати мусалмонҳо изҳори омодагӣ кардааст, ки бо мақомоти дахлдори федералию маҳаллӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар ин масъала ҳамкорӣ намояд.
Дар ҳамин ҳол, бар асоси омори нашршуда дар расонаҳои Русия, тайи моҳҳои январ-августи соли равон 24,7 ҳазор қонуншиканӣ рух додааст, ик дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 5,9 дарсад зиёд мебошад.