ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Юлдуз Усмонова, ки меҳмони фахрии Фестивали тобистона дар шаҳри Душанбе буд, пас аз анҷоми ин чорабинӣ дар Варзоб тафреҳи хубе доштааст.
Навори истироҳати Юлдуз Усмонова дар Варзоб ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Аз навор маълум аст, ки примаддонаи Ӯзбекистон дар "Кохи малика" ҳамроҳи дигар сарояндаҳо, минҷумла дӯсти қарини ӯ Шабнами Сурайё қарор дорад.
Ҳар ду сарояндаи машҳур зери оҳанги суруди Юлдуз Усмонова рақси ҷаззоб анҷом доданд.
Примаддонаи ӯзбек либоси варзишӣ ва Шабнами Сурайё пироҳани дароз дар тан дошт.
Ёдовар мешавем, ки Юлдуз Усмонова меҳмони фахрии Фестивали тобистонаи Душанбе буд, ки 25-26 сентябр баргузор гашт. Дар ин фестивал Шабнами Сурайё ҳам ҳамроҳи ҳамтои ӯзбекистонии худ суруд хонд.