Ҳалокати чор нафар бар асари бархӯрди "Тойота" ба симчӯб

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Бохтар - Қубодиён хабар дода, ки чор кушта бар ҷой гузоштааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. ВУД Тоҷикистон мегӯяд, садамаи пурқурбонии 27-уми сентябр, тахминан соати 01:30 дақиқа рух додааст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ик ронандаи автомашинаи тамғаи "Тойота-Харриер", сокини 43-солаи ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷа "Тойота" аз роҳи асосӣ ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Дар пайи ин садама ронанда ва се мусофираш ба ҳалокат расидаанд.
Афзоиши ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷирон дар Русия
Дар феҳрасти ҳалокшудаҳо мақомоти умури дохилӣ аз сокини 35-солаи ҷамоати деҳоти Навзамини ноҳияи Дӯстӣ, сокинони 41 ва 25-солаи ҷамоати деҳоти Деҳқонободи Дӯстӣ зикр кардаанд.
Ба иттилои ВУД, шиддати садама ба ҳадде будааст, ки ронанда ва се мусофираш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.