ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Онҳо дар як эъломияе, ки мухотабаш “мардуми Афғонистон, кишварҳои дӯст ва ҳама озодихоҳони ҷаҳон” номида шудааст, барномаи худро эълон кардаанд.
Дар матни ин баёния, ки аз сӯйи яке аз раҳбарони собиқи Афғонистон дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифт, омадааст, давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) пас аз ишғоли кишвар тавассути уммоли бегона бо дарки масъулияти таърихӣ баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиюн ва ақшори мухталифи ҷомеаи иборат аз занону мардон ба як қатор тасомим даст ёфтааст.
Бино ба ин санад, давлати ҶИА ягона марҷаъи машруи низоми сиёсии Афғонистон аст, ки бар пояи интихобот ва орои мардум ташкил гардидааст ва ҳеҷ низому ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад.
“Бо берун шудани раисҷумҳур аз кишвар ва дурӣ гузидан аз сиёсату идораи кишвар, мутобиқ ба сароҳати Қонуни Асосӣ ило баргузории интихобот, муовини аввали раёсатҷумҳурӣ ба ҳайси сарпарасти давлат ифои вазифа намуда, умури марбутро ба пеш хоҳад бурд. Дар сурате ки муовини аввал омодаи пешбурди умур набошад, ба тартиб муовини дувум, раиси Сано ва вазири хориҷа ба ҳайси сарпараст муаррифӣ хоҳанд шуд”,- омадааст дар баёния.
Қаблан Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисҷумҳури пешини Афғонистон эълон карда буд, ки тибқи моддаҳои 60 ва 67-и Қонуни Асосии Афғонистон, дар ҳоли адами ҳузур ва ё фирори раисҷумҳур ӯ сарпарасти раёсатҷумҳурии кишвар аст.
Даъват ба эътироф накардани “Толибон”*
Дар идомаи баёния омадааст, ки аркони сегона (иҷроия, қонунгузор ва суд)-и ҶИА дубора инсиҷом ёфта, ҷаласоти марбутро доир намуда, тасомими лозимро иттихоз менамояд ва омодагии баргашт ба кишварро хоҳанд гирифт ва ба зудтарин фурсат як Шӯрои олии давлат бо иштироки бузургон ва сиёсиюни Афғонистон ташкил мегардад, то умури мамлакатро дар ҳамоҳангӣ бо аъзои ҳукумат ва парлумон истиқомат диҳад.
“Давлати ҶИА ва Шӯрои олии давлат ба риояти Қонуни Асосӣ, муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байнулмилалӣ, ки Афғонистон ба он мулҳақ гардида, побанд буда, таҳти парчами серанги кишвар аз тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон зери чатри ҶИА дифоъ менамояд. Давлати ҶИА аз тамоми кишварҳои дӯст тақозо менамояд, то муровидоти худро мисли собиқ бо ҶИА ҳифз намуда ва аз ҳар гуна машруият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”*, ки ба гунаи ниёбатӣ, хушунатбор, золимона ва ғайримашруъ сарзамини Афғонистонро ишғол намудаанд, худдорӣ намоянд”,-омадааст дар баёния.
Дар баёния аз Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои амнияти он, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо мешавад, ки бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон”* барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор ворид намоянд, то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад.
“Давлати ҶИА ба талошҳои худ барои дастёбӣ ба як роҳҳали сиёсии ҷомеъ, ки мунҷар ба поёни чанд даҳаи ҷанг ва таъмини сулҳи пойдор, одилона ва иззатманд шавад, ба унвони як авлавияти фаврии миллӣ идома хоҳад дод. Раванди сулҳ, ки аз сӯйи "Толибон"* нотамом гузошта шуда, бояд аз сар гирифта шавад, то ба як сулҳи доимӣ, ки бар мабнои он низоми мунтахаби мабнӣ бар иродаи миллат, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мушорикати миллӣ шакл гирад, даст ёбем. Дар сурате ки “Толибон”* ҳозир ба прусаи сулҳ набошанд, ҷомеаи байнулмилалӣ фишори лозимро бар “Толибон”* ворид намоянд ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз он ҳимоят мекунад”,-гуфта шудааст дар баёния.
Пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимат
Раҳбарии ҶИА эълом доштааст, ки аз муқовамати миллӣ ва барҳаққи мардуми Афғонистон аланан ҳимоят менамояд ва дар сурати бунбасти музокироти сулҳ аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо кардааст, то бо Ҷабҳаи муқовамат пайваста ва алайҳи ишғол то озодии комили кишвар аз дасти уммоли бегона ба муборизоти худ идома диҳанд.
“Агар “Толибон”* ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомиаи байнулмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод”, - иҳзор кардааст раҳбарии ҶИА.
Даъват аз аъзои ҳукумати пешин
Раҳбарии ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шӯрои миллӣ тақозо кардааст, то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд. Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ аз тариқ Шӯрои олии давлат ва меҳвари муқовамат эълом мегардад.
Ҳамзамон ба неруҳои амниятӣ ва дифоии кишвар, ки умдатан дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебаранд, гуфта шудааст, ки ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва ба тамоми мушкилоташон расидагии лозим сурат хоҳад гирифт.
Ҳамчунин аз намояндагиҳои сиёсӣ ва консулгариҳои ҶИА хоста шудааст, ки умуроти кории хешро дар ҷиҳати пешбурди манофеи миллии кишвар ва истеҳкоми ҳарчи бештари равобити кишвар бо ҷомиаи байнулмилалӣ мисли собиқ ба пеш баранд.
“Сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва ба ҳамкории ҷомеаи байнулмилалӣ ба баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт”, - гуфта шудааст дар ин санад.
Азму сипос
Дар идомаи ин санад раҳбарии ҶИА эълом доштааст, ки бо ташкил ва ҳифзи иҷмои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ Афғонистонро ба конуни ҳамкориҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ бар асоси манофеи муштарак ва чандҷониба мубаддал сохта ва намегузорад, ин кишвар як бори дигар ба майдони рақобатҳо ва ҷангҳои ниёбатӣ мубаддал гардад.
“ҶИА зимни сипосгузорӣ аз мавзеъгирии воҳиди аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои минтақа алайҳи ишғоли гурӯҳи ниёбатӣ, муҷаддадан хоҳони фишори бештар болои “Толибон”* ва ҳомиёни минтақаии ин гурӯҳ мебошад, то заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар мусоид гардад”,-омадааст дар санад.
Дар охир раҳбарии ҶИА аз тамомии кишварҳое, ки дар берун сохтани афрод ва хонаводаҳои осебпазир аз Афғонистон кӯмак карданд, изҳори сипосу қадрдонӣ намуда, барои ҳимоят аз оворагони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бар асари ишғоли “Толибон”* бесарпаноҳ шудаанд, таъкид ва аз тамоми кишварҳои ҷаҳон тақозои кӯмаку ҳамкорӣ кардааст.
Ин аввалин баёнияест, ки раҳбарии қаблии ҶИА пас аз суқути Кобул дар санаи 15 август ва парешон шудани аъзои ҳукумати пешин бидуни маълум кардани макону афрод содир мешавад.
Манобеи Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ба зудӣ номҳои мушаххаси ҳукумати ҶИА эълон хоҳад шуд ва пинҳон доштани номи афрод далоили амниятиву сиёсӣ дорад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ