Боздошти як зан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти хонуме бо иттиҳоми дуздӣ дар "Корвон", калонтарин бозори ҷумҳурӣ хабар додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Зани ҷавоҳирфурӯше ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат карда, аз мавриди дуздӣ дар мағозааш шикоят кардааст.
Ба иттилои ВУД, муроҷиаткунанда, сокини 34-солаи пойтахт арз доштааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тилловориаш, воқеъ дар бозори "Корвон", як ҷуфт гушвори тиллоиро дуздида, ғайб задаанд.
Cокини Исфара, ки панҷ мартиба суд шуда буд, боз барои дуздӣ боздошт шуд
Манбаъ арзиши гӯшворҳои дуздидашударо 5 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шудааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон афзуд, ки тафтиши ин ҳодиса идома дорад.