Заминларза дар Тоҷикистон

Маркази заминҷунбӣ дар масофаи дур аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Дар Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи маълумоти истгоҳҳои зилзиласанҷӣ, ин ҳодиса дар минтақаи Боғи миллии Тоҷикистон рух додааст.
Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Аврупо ва баҳри Миёназамин, заминларза соати 05:40 дақиқа (ба вақти Душанбе, 07:40 ба вақти Маскав) иттифоқ афтодааст. Шиддати заминларза 5,2 бал буд.
Заминларза дар Тоҷикистон
Раштро шаби гузашта боз ду маротиба заминҷунбӣ такон дод
Тибқи иттилои Шабакаи истгоҳҳои зилзиласанҷии Қазоқистон, манбаъ дар умқи 10 км ҷойгир буд.
Феълан маълумот дар мавриди хисороти ин офати табиӣ рӯйи даст нест.