ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Уразбек Мирзоев, шаҳрванди Қирғизистон, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонон боздошт шуда буд, ахиран раҳо ва ба Ватани худ баргашт, хабар медиҳад хадамоти марзбонии КДАМ-и Қирғизистон.
Бояд гуфт, ки Мирзоев рӯзи 26-уми сентябр аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуда буд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳангоми боздошт ӯ дар микроавтобус ҳамроҳи ҳамсараш дар роҳи Хуҷанд-Конибодом ҳаракат мекард.
" 27 сентябр дар пайи музокироти раҳбарони вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷикистон ва намояндагони марзбонии ду ҷумҳурӣ шаҳрванд Уразбек Мирзоев ба ҷониби Қирғизистон интиқол дода шуд",-омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки ин мард тавассути гузаргоҳи Кулунду ба хона расидааст.
Раҳоии шаҳрванди Қирғизистон дар ҳолест, ки ин кишвар ду тоҷикистониро ба ҳукми абад маҳкум карда буд.
Пайвандони ҳар ду маҳкумшуда ба ҳабси умрбод мегӯяд, додгоҳи Қирғизистон бе далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.