Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷафои нооромиҳои марзӣ: Темуралӣ пас аз чор моҳи захмбардорӣ бо як пой роҳ меравад - акс

Темуралӣ Наврӯзов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки 29 апрел дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон аз як пояш маҳрум шуд, ба роҳгардӣ оғоз намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 сен – Sputnik. Ин сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача мегӯяд, бо гузашти панҷ моҳ аз он “рӯзи сиёҳ” акнун ба роҳгардӣ оғоз намудааст. Ӯ бо як пой ва бо ёрии ду асобағал роҳ меравад.
Темуралӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҳаводиси 29 апрелро ба ёд оварда гуфт, ки чӣ гуна дар маҳалли онҳо садои тир баланд шуд.

"Соати 17:30 дақиқа буд, ки садое баланд шуд. Мо аз ин ҳайрон шудему ман ба кӯча нигоҳ кардам. Ҳамроҳи ҳамсояҳо назди дарвоза будем, ки тири дигар пойи маро захмӣ кард", - иброз намуд Темуралӣ.

Ба ҳисоби ӯ, ду нафари дигар - падару писар Баширҷон ва Муҳаммадистам Наврӯзовҳо низ дар ин ҳаводис ҷароҳат бардоштанд.
Захми тир муҷиби хунравии зиёд дар пойи Темуралӣ гашт ва ин ҳолат табибонро дар буридани пойи ӯ ночор гузошт, вагарна аз хунравии зиёд ҳоли вай бадтар мешуд.
"Худоро шукр, ки зинда мондам ва ҳоло ҳамроҳи фарзандонам ҳастам. Шунидам, ки чанд нафар қурбонии баҳсҳои марзӣ шудаанд. Умедворем, ки дигар баҳсу муноқишаи марзӣ рух намедиҳад ва сокинони наздимарзӣ осоишта зиндагӣ мекунанд",-зикр намуд ӯ.
1 / 4
2 / 4
3 / 4
4 / 4
Темуралӣ гуфт, ӯ 3 май азми рафтан ба шаҳри Читаи Русияро дошт, аммо муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ бо Қирғизистон боиси захмӣ шудани пояш ва монеи рафтани ӯ ба Русия гардид.
Темуралӣ ҳамроҳи волидон ва ҳамсару ду кӯдакаш зиндагӣ мекунад. Модар ва ҳамсараш хонанишин буда, падараш Мансур Наврӯзов ба кори саҳро банд аст. Ду бародари ӯ ба муҳоҷирати корӣ ба шаҳри Читаи Русия рафтаанд.
Тоҷикистон шаҳрванди боздоштшудаи Қирғизистонро раҳо кард
Ӯ гуфт, кафшергар аст ва дар гузашта аз ҳисоби кори сохтмон рӯзии хонаводаашро таъмин мекард. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ҳоло барои корҳои сохтмонӣ, ки замоне бо ҳамсолонаш шавқу шуре мебардошт, ба қавле дилаш гум мезанад, аммо вазъи саломатиаш барои иҷрои чунин корҳо имкон намедиҳад.
Табибони Бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои гузоштани пойи сунъӣ ба Темуралӣ талош доранд ва қарор аст, дар моҳи октябр ин кор амалӣ шавад.
Равшан Соҳибов, табиби осебшинос, ки Темуралиро муолиҷа мекунад, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки насби пойи сунъӣ имкон хоҳад дод, то ин ҷавон дар оянда хубтар роҳ гардад ва корҳоеро иҷро карда тавонад.
Темуралӣ, ки беш аз чаҳор моҳ дарду ранҷҳоеро сипарӣ кардааст, аз зиндагӣ ноумед нест ва бовар дорад, ки рӯзе боз аз пайи кор шуда, рӯзгори хонаводаашро пеш мебарад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти мавсум ба "Головной" шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад.
Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххас кардани сарҳад кор мекунад. Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқиша шудааст.