ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар мавсими нав ҳунарпешаҳои касбии мамлакат намоишҳои пурмазмунро аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ омода намуда, ба саҳна мегузоранд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мавсими нави 92-юми театрии худро бо намоиши “Шикори шер”-и С. Усмонов аз рӯи асари адиби Миср Зайдон Ҷирчи оғоз менамояд.
Театри давлатии драмавии русии ба номи В.Маяковский маросими оғози мавсими нави 84-уми театрии хешро бо спектакли “Ханума” ифтитоҳ мекунад.
Вазорати фарҳанги таъкид доштааст, ки мавсими нави театрҳо то моҳҳои июл-августи соли 2022 идома меёбад. Дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва мо ихлосмандону ҳаводорони театрро ба маросими мазкур барои тамошои ин намоишҳо даъват менамоем.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки ҳунармандони тоҷик дар мавсими нави театрӣ нақшаҳои зиёд доранду спектаклҳои навро ҳам барои тамошобинони хурдсол ва ҳам калонсолон дар жанрҳои гуногун ба саҳна хоҳанд гузошт.
Бояд гуфт, ки дар маросими оғози мавсими нави театрӣ масъулини Вазорати фарҳанг ва намояндагони касбу кори гуногун, ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, зиёиён ва ҳаводорони санъати театрӣ иштирок менамоянд.