ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Зиёда аз 145 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ ҳанӯз ба донишгоҳҳои Русия барои таҳсил барнагаштаанд, ки беш аз 900 нафари онҳо аз Афғонистон мебошанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Русия.
"Тибқи мониторинги Вазорати маориф ва илми Русия, шумораи умумии донишҷӯёни хориҷии дар ҳама бахшҳо ва шаклҳои таҳсил беш аз 316 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки тақрибан нисфи онҳо ҳоло дар хориҷа ҳастанд –(зиёда аз 145 ҳазор нафар). Шумори донишҷӯён аз Афғонистон, ки ҳоло дар хориҷ аз Русия қарор доранд, зиёда аз 900 нафар мебошад, аз онҳо 381 нафар дар донишҷӯи соли мебошанд”, - гуфта мешавад дар гузориши ин ниҳод.
Бояд қайд кард, ки тибқи маълумоти сафорати Русия дар Афғонистон, то 20 -уми сентябр барои вуруди донишҷӯён ба Русия 529 виза дода шудааст.
Тибқи низоми иттилоотӣ-таҳлилии “Мониторинг” -и Вазорати маориф ва илми Русия, то 15 сентябр шумораи донишҷӯёни шаҳрвандони Афғонистон дар Русия дохилшуда ҳамагӣ беш аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Вазорати маориф ва илм хотиррасон шуд, ки бинобар шиддати вазъи Афғонистон, вуруд ба Русия дар ҳоли ҳозир сурат намегирад, омадани донишҷӯён то охири моҳи сентябр дар назар аст.
Вазорат қайд кард, ки ҳоло 95,3 дарсади донишгоҳҳо фаъолияти таълимиро дар шакли рӯзона ё омехта мегузаронанд. Барои донишҷӯёни хориҷие, ки ба Русия ворид шуда натавонистанд, таҳсилро дар донишгоҳҳо бо истифода аз технологияҳои фосилавиро дар шакли фосилавӣ ба роҳ мондаанд.