Пидром: Аҳмад Масъуд ба Тоҷикистон наомадааст, дар Афғонистон аст

Сиёсатмадор сарусадоҳо дар бораи ҳузури Аҳмад Масъуд дар Тоҷикистонро рад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Латифи Пидром, раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон мегӯяд, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат дар дохили Афғонистон аст.
Пидром ин нуктаро дар мусоҳиба бо Afghanistan International
"Аҳмад Масъуд дар Душанбе нест, вай дар дохили Афғонистон аст ва дар манотиқи мухталиф рафтуомад дорад. Гуфтаҳое пайдо шудааст, ки гӯё ӯ ба Душанбе омадааст, аммо на, чунин чизе нест, ӯ ҳоло ҳам дар дохили аст".
Раҳбари Ҳизби кунгураи миллии Афғонистон дар мавриди макони Амрулло Солеҳ гуфт, ки барояш муҳим нест, зеро ӯ рӯзҳои охир ба Ғанӣ хидмат кард.
Сиёсатмадор гуфт, ки пас аз суқути ҳукумати Ғанӣ як қатор пешвоёни сиёсӣ Афғонистонро тарк карда, ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла Исломобод, Туркия, Эрон, Тоҷикистон ва бисёр ҷойҳои дигар рафтанд.
Мулоқоти Амруллоҳ Солеҳ ва Бисмиллоҳхон бо Эмомалӣ Раҳмон: буд ё набуд?
Ӯ дар хусуси дидору мулоқот бо Амруллоҳ Солеҳ ва Аҳмад Масъуд ӯ гуфт, парвое надорад, ки ҷаноби Солеҳ дар куҷост.
Зеро ба гуфти Пидром ӯ яке аз онҳоест, ки ба Ғанӣ хидмат кардааст ва то охири рӯз ва дар ҳама ҷиноятҳо ва масъалаҳо, он чи ки дар кишвар рух дод ва ҳоло мегузарад истодааст шарик аст.