ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Нед Прайс, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико мегӯяд, ки кишвараш азсаргирии эъдом ва буридани дасту пой ба унвони муҷозот тавасути гурӯҳи “Толибон”*-ро ба шиддат маҳкум мекунад.
"Мо аз сар гирифтани буридани дасту пой ва эъдом дар Афғонистонро шадидан маҳкум мекунем. Чунин амалҳои “Толибон”* нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон аст. Мо тасмим гирифтем, ки ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашем", - гуфт ӯ.
Дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” Мулло Нуриддин Торабӣ хашми ҷаҳонро аз эъдомҳои Толибон дар гузашта беасос хонд ва ҷаҳонро ҳушдор дод, ки ба умури ҳокимони нави Афғонистон дахолат накунанд.
Вай таъкид кард, ки агар ҷазоҳои исломӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ сурат гиранд, ба одамон иҷоза дода мешавад, ки аксҳо ва наворҳо бигиранд, то "таъсири боздоранда" -и он дар ҳама ҷо паҳн шавад.
*- гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ аст