Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд

Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои палатаи болоии парлумон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва ҳамзамон мири шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ вориди Қазоқистон шуд.
Бинобар хабари дафтари матбуотии палатаи болоии парлумон, сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон субҳи рӯзи 23 сентябр сурат гирифт.
Рустами Эмомалӣ ва Владимир Норов бунёди Боғи СҲШ-ро оғоз карданд
Ҷузъиёти ин сафар то ҳол ироа нашудаасту ҳамзамон маълум нест, ки Рустами Эмомалӣ бо чӣ ҳадаф ба Қазоқистон сафар карда ва бо киҳо дар он кишвар дидору мулоқот мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки ин савумин сафари расмии Рустами Эмомалӣ пас аз нишастан ба курсии дуюми Тоҷикистон мебошад. Қаблан ӯ ба Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуда буд.