Русия аз 5 октябр шумораи парвозҳои мунтазам ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад

Шуруъ аз моҳи октябри соли ҷорӣ шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон дар масири Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб то ду адад дар як ҳафта афзоиш меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Русия аз 5 октябр шумораи парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш медиҳад, хабар додааст, Ситоди фаврии мубориза бо паҳншавии коронавирус дар Русия .
Ҳамин тариқ аз моҳи октябр шумораи парвозҳо ба Тоҷикистон дар чанд масир зиёд мешавад.
"Дар як ҳафта то ду парвоз ба самтҳои Маскав - Хуҷанд ва Маскав - Кӯлоб ва шумораи парвозҳо аз фурудгоҳҳои Русия ба Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва Кӯлоб то ду парвоз дар як масир дар як ҳафта афзоиш меёбад", - омадааст дар хабар.
Илова бар ин шумораи парвозҳо аз 5 октябр ба Баҳрайн, Ҳиндустон, АМА, Испания, Ҷопон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ва аз 4 ноябр ба Шри Ланка низ афзоиш хоҳад ёфт.
Аз Кӯлобу Бохтар парвоз ба Омск имконпазир шуд
Ҳамин тариқ шумораи парвозҳо ба Узбакистон дар масири Маскав -Тошканд то чор парвоз дар як ҳафта афзоиш меёбад.
Илова бар ин барқарории равобити ҳавоӣ байни Маскав ва чанд шаҳри Ӯзбекистон (Бухоро, Самарқанд, Наманган, Фарғона, Урганҷ, Андиҷон, Тирмиз) иҷозат дода шудааст.