ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Ҳейко Маас, дар вокунише ба дархости "Толибон"* барои ҳузур дар Маҷмаи умумии СММ гуфт, намоиши ин гурӯҳ дар СММ ҳеҷ дардеро даво намекунад, навиштааст Sputnik Афғонистон.
Вай қайд кард, ки барои "Толибон"* дар ҳоли ҳозир муҳим аст, ки эҳтироми ҳуқуқи инсон, бахусус занонро риоя, робита бо гурӯҳҳои террористиро қатъ ва инчунин дигар намояндагони ақвомро ба ҳукумат ворид кунад.
Ба гуфтаи Маас, чигунагии муносибатҳо аз ин иқдомот вобастаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки "Толибон"* Суҳайл Шоҳинро ба ҳайси намояндаи худ дар Созмони Милал пешбарӣ кардаанд ва дар номае аз Дабири кулли СММ дархост кардаанд, ки ба вазири хориҷаи Толибон иҷозаи суханронӣ дар Маҷмаи умумии СММ дода шавад.
Аз сӯйи дигар сухангӯи дабири кулли СММ муаррифии сафири нав аз ҷониби "Толибон"* ба ҳайси намояндаи Афғонистон дар Шӯрои амниятро тасдиқ кард ва гуфт, ки ба иҷозаи суханронии вазири умури хориҷии ин гурӯҳ дар Маҷмаи умумии СММ шак дорад.
* - созмони террористии мамнуъ дар Русияву Тоҷикистон