Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Фоҷеаи ҷанг дар Афғонистон: Мардон аз бекорӣ занҳояшонро талоқ медиҳанд

Манбае дар вилояти Бадахшон гуфтааст, ки ба далели бекорӣ мардон занҳояшонро талоқ медиҳанд. То ҳол дар ин минтақа се мавриди талоқ ба далели бекории мардон сабт шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 сен — Sputnik. Манбаи Sputnik Афғонистон дар вилояти Бадахшон хабар додааст, ки се зан аз сӯйи ҳамсаронашон ба далели набудани ҷойи кор ва пайдо накардани нафақа талоқ дода шудаанд.
Ба иттилои ин манбаъ, чунин маворид ахиран дар ин вилоят ба қайд гирифта шудааст.
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашр шудааст, ки дар он як зан аз ночорӣ фарзандонашро ба фурӯш гузоштааст.
Тибқи гузоришҳо, ин хонум канори роҳ нишаста, духтари 10-солаашро 10 ҳазор афғонӣ ва писари 5-солаашро ба маблағи 20 ҳазор афғонӣ ба савдо гузоштааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамсари ин зан аз маризии лоилоҷ ранҷ мекашидааст.