Чоҳи оташин барои душман: чӣ гуна артиши СҲШ "террористон" -ро нест мекунанд - видео

Низомиёни Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар тамринҳои "Миссияи Сулҳ 2021" як гурӯҳи калони террористонро нобуд карданд
Sputnik
Дар заминаи шиддати вазъ дар Афғонистон дар тамрингоҳи Донгузии назди Оренбург тамрини васеи низомиён идома дорад..
Хизматчиёни ҳарбӣ амалҳои ҷавобии ҳамла ва нест кардани рақибони шартиро амалӣ карданд. Барои ин онҳо техникаву силоҳҳои гуногунро истифода мебурданд.
Дар натиҷаи иқдомоти гуруҳи зудамал ва ҳамалоти тактикии десантию ҳавоӣ ва тубхона "душман" мағлуб шуд, гуфт дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.
Ин ниҳод навори набардҳоро аз маҳаллӣ тамринот нашр кардааст.
Дар он метавон фуруд омадани нерӯҳо, зарбазании чархболҳои Ми-8 аз паҳлӯҳои "душман" ва инчунин ҳамлаи дронҳои зиддиҳавоии "Тор", "Пантсир-С", "Тунгуска", "Стрела-10" ва "Верба"-ро тамошо кунед.
"Шуълаафканҳо таҷҳизоти душмани хаёлиро дар масофаи то панҷ километр хароб карданд, сапёрҳо чуқури зидди танкро таркониданд ва мутахассисони радиатсионӣ, кимиёвӣ ва биологӣ "чоҳи оташин" ба вуҷуд оварданд.
Ёдовар мешавем, ки "Миссияи сулҳи 2021" аз 20 то 24 сентябр таҳти роҳбарии фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин баргузор мешавад. Дар машқҳо беш аз панҷ ҳазор низомӣ бо беш аз ҳазор аслиҳа ширкат доранд.