Зани 37-сола фарзанди ӯгайяшро корд зад: ВКД мегӯяд, алайҳи ӯ парванда боз шуд

Сабаби корд задани ноболиғ аз ҷониби модарандарро ВКД муноқишаи оилавӣ арзёбӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кормандони милиса зани 37-солаtро боздошт намуданд, ки дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ муттаҳам дониста мешавад.
Бинобар хабари дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда нисфирӯзии 8 сентябр ба шиками фарзанди ӯгайяш, ки ноболиғ мебошад, корд задааст.
Қатли писари сесола аз ҷониби падар дар Хуҷанд: Ӯ шубҳа кардаст, ки кӯдак фарзандаш аст
Манбаъ меафзояд, кордкашӣ ба сӯйи ноболиғ замоне сурат гирифт, ки миёни онҳо муноқиша бархост. Ҳодисаи мазкур дар манзили истиқоматии модарандару фарзанди шавҳараш рух дода, охирон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.

"Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ноболиғ зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад",-таъкид мешавад дар хабар.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати номбурда мутобиқи қисми 2-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.