Ба ҷони ёвари Зеленский сӯиқасд сурат гирифт

Ба ҷони мушовири президенти Украина Сергей Шефир сӯиқасд сурат гирифт, ки дар натиҷа ронандаи ӯ сахт ҷароҳат бардошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дар наздикии Киев ашхоси номаълум ба сӯйи мошини ёрдамчии аввали президенти Украина Сергей Шефир оташ кушоданд, ки дар натиҷа ронандаи ӯ маҷрӯҳ шуд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилии ин кишвар.
Бинобар хабари манбаъ, ҳодиса дуртар аз деҳаи Лесники иттифоқ афтода ва ба мошини Шефир дастикам 10 дона тир исобат кардааст, ки сетои он ронандаи ёвари президентро маҷрӯҳ намуданд. Худи сиёсатмадор аз ин ҳодиса саломат берун шудааст.
Гуфта мешавад, ҳоло ронада дар ҳолати ниҳоят вазнин дар шуъбаи эҳёгарии яке аз дармонгоҳҳои Украина бистарӣ аст.
Манбаъ меафзояд, ҳоло дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ -тафтишотӣ кор мекунад ва амалиёт барои боздошти ҷинояткорон идома дорад.
Роҳбари фраксияи "Хидмати мардум" дар Рада гуфт, ки ӯ намедонад, ба мушовири президент қаблан таҳдидҳо шуда буд ё хайр.
Шефир дӯсти дерина ва шарики тиҷоратии раҳбари Украина Владимир Зеленский аст ва ҳамзамон соҳиби студияи "Квартал 95" мебошад.