Раҳмон дар СММ аз умдатарин мушкили ҷаҳон ва роҳҳалҳои он мегӯяд

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 76 - уми Созмони Милали Муттаҳид бо роҳбарии Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умурии хориҷӣ иштирок дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар 76 - умин Маҷмаи умумии СММ аз тариқи онлайнӣ суханронӣ хоҳад кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури хориҷӣ.
Ба иттилои манбаъ, иҷлосияи 76 - уми Маҷмаи умумии СММ рӯзи 21-уми сентябр таҳти роҳбарии президенти Малдив Абдулло Шоҳид ба кор шурӯъ кард.
Манбаъ меафзояд, роҳбари давлат зимни суханронии худ аз умдатарин мушкилоти ҷаҳон ва пайдо кардани роҳҳалҳои он ҳарф мезанад.
Муҳриддин ба “Ғарб” мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дод
Маврид ба зикр аст, ки ҳайати Тоҷикистон дар ин иҷлосия бо роҳбарии вазири умури хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин иштирок дорад.
Ёдовар мешавем, ки кори иҷлосияи Маҷмаи умумии СММ ҳар сол сешанбеи сеюми моҳи сентябр бо суханрониҳои дабири кулли СММ, президенти иҷлосияи 76-уми МУ СММ ва роҳбарони давлатҳои Бразилия ва ИМА ба кори худ оғоз кард.