ПСЖ гуфт, Месси дар бозӣ бо "Метс" ба майдон намебарояд - видео

Тими ПСЖ хабар дод, ки Лионел Месси дар бозии навбатӣ бо дастаи "Метс" иштирок намекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Дафтари матбуоти дастаи ПСЖ мегӯяд, Месси дар бозии даври 7 -уми чемпионати Фаронса бо тими Метс", ки 22 сентябр баргузор мешавад, ба майдон намебарояд.
Ба иттилои манбаъ, дар ин бозӣ инчунин футболбозон - ҳамлагар Серхио Рамос ва нимҳимоятгар Марко Верратти ширкат нахоҳанд кард.
Тавзеҳ дода шудааст, ки далели набаромадани Лионел Месси ба майдон ҷароҳати бардоштааш дар бозӣ бо тими "Лион" мебошад. Манбаъ афзуд, ки ташхиси рӯзи 21-уми сентябр осори зарб дар устухони Мессиро кашф намудааст ва натиҷаҳои ташхиси дигар баъди 48 соат муайян мешаванд.
Ифтитоҳи майдончаи дигари футбол аз сӯйи ФФТ дар Хоруғ ва сипоси Файзов
Ин дар ҳолест, ки ба гузориши расонаҳо, дар бозии охир Лионел Месси пас аз он ки ӯро дар ҷараёни бозӣ бо футболбози дигар иваз карданд, дасти мураббияшро намоишкорона нафишурд. Мураббӣ Маурисио Почеттино тасмим гирифт, ки дар дақиқаи 76-ум Мессиро иваз кунад ва ба ҷойи ӯ Ашраф Ҳакимӣ вориди майдон шуд. Ин бозӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи "Барселона" анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Лионел Месси аввалин бозии худро дар ҳайати асосии "Барселона" дар соли 2004 анҷом дода буд.
Месси ҳамроҳ бо ин клуб дар даҳ чемпионати Испания ширкат кард ва ҳафт ҷоми Испанияро ба даст овард. Илова бар ин ӯ чор бор қаҳрамони Лигаи қаҳрамонҳо шудааст.