ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии Вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст, ки дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи умумии СММ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо даъвати канслери Австрия Себастиан Куртс дар муколамаи сатҳи баланд дар робита ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон, духтарон дар Афғонистон ва минтақа, ки аз ҷониби намояндагии доимии Австрия дар СММ танзим гардид, иштирок ва суханронӣ кард.
Таъкид шудааст, ки зимни суханронӣ вазири хориҷаи Тоҷикистон ба ҳозирин мавқеи Тоҷикистонро дар робита ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дод.
“Сироҷиддин Муҳриддин ба аҳамияти расонидани кумаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмини ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил, инчунин ташкили ҳукумати фарогир бо ширкати васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, таъкид кард”,-қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамзамон вазири тоҷик дар суханрониаш ба аҳволи вазнини мардум дар вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо “Толибон” (гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон) на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон, балки ба зулму шиканҷаи мардум машғуланд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
ВУХ Тоҷикистон зикр кардааст, ки аз ҷониби кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват када шуд, ки ҳарчи зудтар садди роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беназмиро дар Афғонистон гиранд ва дар кушодани роҳҳо барои расонидани ёрии башардӯстона ба мардуми Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.
Ёдовар мешавем, ки мавзӯи Афғонистон дар ду ҷаласаи бузурги ахир СААД ва СҲШ, ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, матраҳ буд. Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони СҲШ аз вазъияти бади Афғонистон суҳбат ва расонидани кумакҳои башардӯстона ба мардуми Панҷшерро ёдрас кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар ин ҷаласаҳо такрор кард, ки танҳо ҳукумати фарогир метавонад ба поёни ҷанги тӯлонии Афғонистон кумак расонад.