Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

“Барои аксгирӣ бо сарбозон”: Ҷузъиёти ҳабси абади ду шаҳрванди Тоҷикистон дар Қирғизистон

Додгоҳи Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҳукми абад маҳкум кард. Ҳамсари яке аз ду сокини зиндонишудаи Тоҷикистон мегуяд, шавҳараш дар муноқишаи марзӣ ширкат надошт, аммо додгоҳи Қирғизистон ӯро барои танҳо аксгирӣ бо сарбозон ба ҳукми абад зиндонӣ намудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 сен – Sputnik. Суди ноҳияи Исфанаи вилояти Ботканди Қирғизистон рӯзи 14 сентябр ду шаҳрванди Тоҷикистон - Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бар асоси моддаи 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноӣ ба ҳабси абад маҳкум кард.
Қаҳҳоров ва Юнусов ҳарду сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд гуфта мешаванд.
Дар мурофияи судӣ ин шаҳрвандони Тоҷикистонро дар иртибот ба муноқишаи мусаллаҳонаи марзии моҳи апрел муҷрим ҳисобидаанд. Аммо пайвандони онҳо иштироки аъзои хонаводаашон дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзиро инкор карда, таъкид кардаанд, ки додгоҳи Қирғизистон бе далел ва ғайриқонунӣ нисбати Қаҳҳоров ва Юнусов ҳукм содир намудааст.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ҳукми абади ду тоҷикистонӣ дар Қирғизистон ва талаби Муллоҷонов аз ҳукумат
Наргиз Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти парвандаи ҳамсараш Абдурозиқ Қаҳҳоровро шарҳ дод.
Ӯ гуфт, рӯзи 22 май мақомоти интизомии Қирғизистон ба хонаи саҳроии онҳо, ки дар ноҳияи Лайлак воқеъ аст, рафта, вай ва падари шавҳарашро бо худ ба бинои милитсияи минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлак бурдаанд.
Аз боздошти ҳамсар ва падараш Қаҳҳоров огоҳ шуда, ба бинои мақомоти ноҳияи Лайлак рафтааст. Бо омадани Қаҳҳоров мақомоти Қирғизистон ҳамсар ва падарашро раҳо намуда, аммо ӯро боздошт кардаанд.

Ҳукми абад барои аксгирӣ бо сарбозон

“Мақомоти Қирғизистон дар вақти боздошт телефони мобилии шавҳарамро мусодира намуда, дохилашро ҷустуҷӯ кардаанд. Дар дохили телефон аксҳои зиёде мавҷуд буд. Аз он ки шавҳарам ҳамеша ба аксгирӣ шавқ доштанд, барои дар хотир нигоҳ доштани ҳар лаҳзаи ҳаёт бо одамон акс мегирифтанд. Аз ҷумла чанд акс ҳамроҳи сарбозон ҳам дошт. Ҳамин аксҳоро дар дохили телефон дида, бо ҳамин нисбаташон парванда оғоз кардаанд”,-иброз намуд Ҷабборова.
Абдурозиқ Қаҳҳоров 41- сола буда, соли 2002 фаъолияти кориашро аз мактаб – интернат барои хонандагони ношунаво ва шунавониашон сусти ҷамоати Хистеварз шуруъ намуда ва ҳудуди 12 сол минҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик ба хонандаҳо дарс гуфтааст.
Кӯчае дар Суғд ба номи прапоршики ҳалокшуда дар марз бо Қирғизистон гузошта шуд
Бино ба иттилои дарёфтӣ, ӯ дар гузашта боре ҳам бо кадом ҷурме суд нашуда ва аз сӯйи мақомот мавриди муҷозот қарор нагирифтааст.
Қаҳҳоров чаҳор соли охир ронандаи мусофирбари хатти байнишаҳрии № 66, миёни деҳоти Хистеварз ва шаҳри Гулистон ронандагӣ мекард ва аз ҳамин ҳисоб барои хонавода рӯзи дарёфт мекард.
Ҷабборов таъкид намуд, ки хонаводаи онҳо дар ҳудуди ноҳияи Лайлаки Қирғизистон як хонаи саҳроӣ доранд ва баҳору тобистон барои парвариши чорво ва бардошти ҳосили зардолу дар он хона зиндагӣ мекунанд. Ҳатто рӯзҳои 28 – 29 апрел, дар вақти рух додани муноқишаи марзӣ онҳо машғули кори саҳроӣ буданд. Аммо дар пайи шиддати тирпаронӣ онҳо ба хонаи хонаи модараш, деҳоти Хистеварз, дуртар аз сарҳад панаҳ бурдаанд.

Мурофияи судӣ бидуни иштироки шоҳидон

Суди ноҳияи Ботканди Қирғизистон парвандаи Қаҳҳоров ва Юнусовро бо моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ) баррасӣ намуда, аз 26 июл то 14 сентябр, панҷ дафъа мурофияи судӣ баргузор намудааст.
Дар ҳар кадом як аз чунин мурофияҳои судӣ Қаҳҳоров ва Юнусов иштирок надоштани худ дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзиро баён намуда, иттиҳомот нисбати худро дурӯғ ва сохта шумурдаанд.
Президенти Қирғизистон хост, монеагузориҳо дар марз набошад
Ҷабборова мегӯяд, дар мурофияи судӣ далелҳо ва шоҳидоне пайдо нашудаанд, ки иштироки Қаҳҳоров ва Юнусовро дар муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзҳои 28 – 29 апрел таъйид намоянд, вале суди ноҳияи Исфана нисбати ду сокини ҷамоати наздимарзии Хистеварз ҳукми абад содир кардааст.
“Содир намудани ҳукми абад аз ҷониби суд ин воқеиятро собит мекунад, ки кишвари Қирғизистон баъди хатм шудани муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ ҳамоно ғараз дорад, яъне ғарази марзӣ. Агар чунин нест, чӣ гуна бе далел ва бидуни шоҳид нисбати шаҳрвандони кишвари ҳамсоя ҳукми абад содир мекунад?”,-иброз менамояд Ҷабборова.
Ҷабборова мегӯяд, аз ин ҳукми додгоҳ ба ҳеҷ ваҷҳ розӣ буда наметавонанд ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии судӣ шикоят бурда, ҳама талошашро барои раҳоии шавҳараш анҷом медиҳад.
Ӯ гуфт, барои содир шудани чунин ҳукм дар Қирғизистон, ки ғарази марзиро тавассути суд пиёда кардаанд, таваҷҷуҳи созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқро ҷалб месозад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғот ё обтақсими “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Қирғизистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон амалиёти вижа мегузаронад - аксҳо
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар оғози ин даргирӣ ҳамдигарро муттаҳам мекунанд. Бар асари рухдоди ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб карданд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод. Дар пайи гуфтушуниди ҷонибҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду кишвар рӯзи 1 май тирпаронӣ қатъ гардида, вазъ ба эътидол омад. Феълан гурӯҳи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон барои мушаххассозии сарҳад кор мекунанд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби рухдоди муноқиша шудааст.