Рӯзи 22 сентябр дар ҷаҳон чӣ рух дод
Соли 1862 Президенти вақти Амрико Авраам Линколн қарореро имзо кард, ки тибқи он аз 1 январи соли 1863 дар ИМА ғуломдорӣ бекор карда шуд.
Соли 1939 дар Англия барои фурӯши сӯзишворӣ меъёр ҷорӣ карда шуд.
Соли 1948 дар натиҷаи таркиши корхонаи химиявӣ дар Ҳонконг зиёда аз 130 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1955 дар Британияи Кабир пахши телевизиони тиҷоратӣ оғоз гардид.
Соли 1989 забони қазоқӣ забони давлатии Қазоқистон эълон карда шуд.
Соли 1985 дар натиҷаи заминҷунбии шадид дар Мексика 2000 нафар ба ҳалокат расиданд.
Соли 1910 дар Англия аввалин ҳавопаймо ба фазо парвоз кард.
Рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод
Соли 2007 аввалин маротиба дар қаламрави Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе китобхонаи электронӣ ифтитоҳ гардид.
Соли 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карданд.
Соли 2010 дар ИМА Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ҳамоиши "Дурнамои татбиқи се ҳадафи Конвенсияи биогуногунӣ" раисӣ ва суханронӣ карданд.
Соли 2015 дар шаҳри Ҳисор Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат расман ифтитоҳ гардид.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе маҷлиси раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Ҷашнҳои рӯзи 22 сентябр
Дар Тоҷикистон – Рӯзи Рӯдакӣ
Рӯзи умумиҷаҳонии бидуни автомобил.
Рӯзи байналмилалии ҳимояи филҳо.
Дар Булғория – Рӯзи истиқлолият.
Дар ИМА – Рӯзи занони соҳибкор.
Рӯзи 22 сентябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст
Соли 197 - олим - адабиётшинос Ҷура Бақозода
Соли 1940 - доктори илмҳои филология, профессор Асадулло Саъдуллоев (1940 - 2016)