ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Бразилия Жаир Болсонару ҳамоно бемории коронавирусро ҷиддӣ қабул намекунад ва алайҳи ин маризӣ ваксин гирифтагӣ ҳам нест.
Чанде пеш ӯ ба хотири иштирок дар 76-умин Маҷмаи кулли СММ вориди шаҳри Ню-Йорк шуд.
Оҷонсии "Reuters" менависад, ки ҷаноби Болсонаруро ба далели надоштани гувоҳиномаи ваксин ба тарабхонаҳо роҳ надоданд ва ӯ ҳамроҳи тимаш дар кӯча ғизо истеъмол мекард. Акси хӯрокхӯрии онҳо дар кӯчаро вазири адлияи Бразилия Андерсон Торрес дар сафҳаи "Instagram"-и худ нашр намуд.
Манбаъ меафзояд, дар Ню-Йорк бидуни гувоҳиномаи ваксин даромадан ба тарабхонаву чойхонаҳо қатъиян манъ аст.
Қаблан шаҳрдори Ню-Йорк, Билл де Блазио аз раҳбарони ҷаҳон, ки ба ин шаҳр меоянд, даъват карда буд, ки пеш аз сафар ҳатман ваксин гиранд.
Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш низ ҳамин изҳоротро баён кард. Ҷаласаи 76-уми Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид 14 сентябр оғоз шуд ва қисмати аслии он аз 21 то 27 сентябр баргузор мешавад.