ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ мегӯяд, ин кишвар ҳамоно амалҳои "Толибон"*-ро мушоҳида мекунад ва ба таври расмӣ ҳукумати онҳоро қабул накардаанд.
Хабаргузории ТАСС аз қавли Қурайшӣ менависад, ки Покистон амалан шитоб намекунад ва "Толибон"* -ро ҳамчун мақомоти қонунии Афғонистон эътироф нанамудааст.
"Покистон онҳоро эътироф намекунад. Мо ҳоло чӣ гуна рушд кардани вазъиятро назорат мекунем. Онҳо ҳукумати муваққатиро эълон карданд, аммо дар ин марҳила ҳеҷ кас шитоб намекунад, ки онҳоро ба расмият шиносанд",-иҳзор доштааст ӯ дар суҳбат бо хабаргузорӣ.
Ҳамзамон Қурайшӣ таъкид кард, ки дар ин марҳила масъалаи шинохти Толибон дар авлавият нест, балки пешгирии буҳрони башардӯстона муҳим аст.
Ёдовар мешавем, ки "Толибон"* амалиёти густурдаеро барои ғасби қудрат дар пайи эълони хуруҷи низомиёни Амрико оғоз ва дар миёнаҳои моҳи август бидуни ҷанг Кобулро ишғол кард.
Панҷшер ягона минтақае дар Афғонистон боқӣ монд, ки ба "Толибон"* таслим нашуд ва феълан миёни Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти роҳбари Аҳмад Масъуд ва ин гурӯҳ набард идома дорад.
* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия