Маркази ягонаи муҳоҷират ба Сахарово кӯчонида мешавад

Сахарово бузургтарин марказ барои муҳоҷирон аст, ки дар як шабонарӯз имкони қабули 7,5 ҳазор нафарро дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Маркази ягонаи муҳоҷират аз Путилковои назди Маскав ба Сахарово кӯчонида мешавад, хабар медиҳад "Коммерсант" бо истинод ба сардори шуъбаи сиёсати иқтисодӣ ва рушди пойтахт Кирилл Пуртов.

"Маркази муҳоҷират дар Сахарово барои қабули теъдоди зиёди муҳоҷирон сохта шуд ва аз ин рӯ кӯчонидани Маркази ягонаи муҳоҷират боиси сарборӣ нахоҳад шуд",-изҳор ин мақоми шаҳрдории Маскав.

Зарфияти ин марказ дар Сахарово, ки ба гуфтаи мақомоти Маскав, бузургтарин макони пазириши асноди муҳоҷирин дар Русия аст, барои қабули 7,5 ҳазор нафар дар як шабонарӯз пешбинӣ шудааст.
Қарор аст, ин иқдом то охири соли 2021 ба анҷом расад.
Бояд гуфт, сокинони деҳаи Путилково борҳо аз занозанию тирпаронӣ, ғайриқонунӣ идора кардани мошин ва тиҷорати ғайримуҷоз аз тарафи муҳоҷирон изҳори нигаронӣ намуданд.
Ҳамаи хобгоҳҳои муҳоҷирон дар вилояти Маскав санҷида мешаванд
Пас аз ҳодисаи ахир дар Сергиева Посад губернатори вилояти Маскав Андрей Воробев дари хобгоҳи муҳоҷиронро дар ин минтақа баст ва ҳамзамон дигар хобгоҳҳои муҳоҷирон дар Русия шадидан мавриди санҷиш қарор гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол чанде пеш Вазорати умури дохилии Русия қароре содир кард, ки тибқи он, минбаъд барои кӯчактарин ҷиноят муҳоҷирон бо ҷазои сангин ва ихроҷ рӯ ба рӯ мешаванд.