ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Аз шаҳри Омски Русия парвоз ба Кӯлобу Бохтар барқарор шуд, хабар медиҳад сомонаи фурудгоҳи мазкур.
Ба иттилои манбаъ, ширкати ҳавопаймоии "Сибир" ҳафтае ду маротиба, рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа ба Кӯлобу Бохтар парвоз анҷом медиҳад.
Зикр гардид, ки парвоз ба шаҳри Кӯлоб, соати 02:05 дақиқа (ба вақти маҳаллӣ) сурат мегирад ва соати 04:30 дақиқаи ҳамон рӯз ҳавопаймо ба Русия хоҳад баргашт.
Манбаъ меафзояд, парвози самти Бохтар ҳафтае як маротиба, рӯзҳои панҷшанбе, соати 15:05 дақиқа (ба вақти маҳаллӣ) сурат хоҳад гирифт. Баргашти ин ҳавопаймо рӯзи ҷумъа, соати 01:40 дақиқа анҷом мешавад.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, ки арзиши чимптаи самти Тоҷикистон 9 ҳазор рубл аст, аммо нархи билет аз Тоҷикистон ба Русия ҳудуди 22 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи август сафорати Русия дар Тоҷикистон аз афзоиши теъдоди парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон хабар дода буд. Барои хоҳишмандони сафар ба Русия гузаштан аз ташхиси коронавирус ҳатмӣ буда, дар сурати манфӣ баромадани натиҷа онҳо имкони сафар ба Русияро касб мекунанд.