Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Фавти 800 нафар аз коронавирус тайи як шабонарӯз дар Русия

Омори нави интишорнамудаи Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус маълум намудааст, ки шабонарӯзи ахир 19 179 нафар дар Русия гирифтори коронавирус шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Мавориди фавт аз коронавирус дар Русия афзоиш ёфтааст. Шабонарӯзи ахир аз ин беморӣ дар Русия 812 нафар ҷон бохтаанд. Ин болотарин шохиси фавт аз коронавирус дар Русия пас аз 26 август аст.
Ситоди фаврии мубориза алайҳи ин маризӣ мегӯяд, дар 24 соати ахир дар шаҳри Санкт-Петербург 42, вилояти Свердлов 37, Краснодар 32, Перм 28 ва Ростов 27 мавриди фавт аз коронавирус ба сабт шудааст.
Ба Қазоқистон вируси навъи "Еta" роҳ ёфт
Дар ҳамин ҳол ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вируси мазкур ҳам афзоиш ёфта, ба 19 179 маврид расидааст.
Гуфта мешавад, аз ҳама беш ҳолатҳои нав дар вилояти Маскав ба қайд гирифта шудаанд.
Манбаъ меафзояд, ҳоло дар Русия 587 932 бемори коронавирус ба табобат фаро гирифта шудааст.