Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Дарҳои баставу кӯчаҳои холӣ: Панҷшер дар чӣ вазъ аст? - видео

Видеое аз рустоҳои Панҷшер мунташир шуда, ки холӣ аз сокинон мебошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Видеое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, аз он ҳикоят мекунад, ки рустоҳо, ҳатто роҳҳои Панҷшер, як минтақаи муҳими стратегӣ дар шимоли Кобул аз сокинон холӣ аст.
Манобее, ки ин наворро нашр кардаанд, мегӯянд, ки мардуми ин минтақа аз тарси “Толибон”* ё аз набудани ғизо маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар ҳоле аз истодагӣ дар баробари “Толибон”* сухан мегӯяд, ки талошҳо барои эҷоди як ҳукумати фарогир ҷараён доранд.
Дар охирин маврид сарвазири Покистон Имрон Хон аз суҳбат бо тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо гуфта ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ворид шудани гурӯҳҳои қавмӣ ба қудрат, аз ҷумла тоҷикҳо ҳимоят кардааст.
“Толибон”* то кунун дар мавриди суханони Ҷабҳаи муқовимат, Имрон Хон ва Эмомалӣ Раҳмон расман вокуниш накардааст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистону Русия мамануъ аст