БҶ коҳиши касри буҷаро дар Тоҷикистон пешгӯӣ мекунад

Бонки Ҷаҳонӣ гузориши иқтисоди Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои тобистони соли 2021-ро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки касри буҷа дар соли 2021 дар Тоҷикистон то 2,6% ММД коҳиш хоҳад ёфт. Ин ташкилоти ҷаҳонии молӣ чунин баҳогузориро бар асоси додаҳои "Гузориш дар бораи иқтисодиёти Тоҷикистон, тобистон-2021: Иқтисод барқарор мешавад, мушкилот боқӣ мемонад" ироа кардааст.
Бар асоси ин санад, бузургтарин фишор ба буҷаи давлатии Тоҷикистон эҳтимол аз ҳисоби хароҷоти марбут ба коронавирус ва тарҳҳои рушди зербиноӣ, бахусус дар бахшҳои энержӣ ва ҳамлу нақл ворид шавад.
Гуфта мешавад, ки мавҷҳои нави пандемия харҷи минбаъдаи буҷаро барои дастгирии системаи тандурустӣ ва аҳолии осебпазир талаб мекунад.
БҶ: пандемия ба некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон зарба зад
Дар гузориши БҶ инчунин қайд мешавад, ки ҳукумати кишвар бояд хароҷотро барои беҳдошт ва безараргардонӣ афзоиш диҳад.
Ҳамин тариқ буҷа барои барномаҳои кӯмаки иҷтимоӣ низ бо дарназардошти талаботи зиёд метавонад аз сатҳи ҳозира ба таври назаррас афзоиш ёбад.
Таҳлилгарон қайд мекунанд, ки агар шумори камбизоатон афзоиш ёбад, пас шохисҳои вобаста ба таваррум ислоҳи болотари пардохтҳоро талаб мекунад.
Ёдовар мешавем, ки даромади умумии буҷаи давлатии ҷумҳурӣ дар соли 2021 дар ҳаҷми 27,6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 29,8 дарсади ММД-ро ташкил медиҳад.