ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Теъдоди кушташудагон дар тирпарронии Донишгоҳи Перм ба 8 нафар расид. Қаблан расонаҳо аз кушта шудани 5 нафар хабар дода буданд.
Ҳодисаи нохуш рӯзи 20 сентябр сар зад ва яке аз донишҷӯёни ҳамин донишгоҳ ба рӯйи дигарон кушода, дастикам 8 нафарро аз тариқи силоҳи оташфишони "Huglu" куштааст.
Дар робита ба ин ҳодиса ҳукумати ин вилоят рӯзи 21 сентябрро рӯзи мотам эълон намуд.
"Дар рӯзи мотам тамоми парчамҳо поён оварда ва дар шабакаҳои телевизионӣ ва ҳамчунин радиоҳо пахши барномаи фароғатӣ манъ мешавад",-омадааст дар хабар.
Зимнан, Кумитаи тафтишотӣ аз дохили донишгоҳ видеоеро нашр намудааст.
Дар ин видео, ки аллакай ба "YouTube" роҳ ёфтааст, кори кормандони кумита нишон дода мешавад.
Бояд гуфт, донишҷӯи ҳамлагар дар зимни боздошт муқобила карда, маҷрӯҳ шудааст.