Арабистони Саудӣ гуфт, бо "Толибон"* ҳич робитае надорад

Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар суҳбат бо як расонаи ҳиндӣ гуфт, ки кишвараш бо ҳукумати нави "Толибон"* дар Афғонистон ҳич иртиботе надорад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ дар як суҳбати ихтисосӣ бо "India Today" гуфтааст, ки бозгашт ва эҳёи "Ал-Қоида"*, ДИИШ* ва "Толибон"* дар Афғонистон як нигаронии воқеӣ аст.
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ афзуд, ки кишвараш дар эътирофи низоми нави Афғонистон шитоб намекунад.
Раҳбари СҶБ ба Афғонистон омад: "Толибон"* чӣ талаб мекунад?
Ба назари ӯ, ки ҳарчанд "Толибон"* гуфтаанд, ки қаламрави Афғонистон бар зидди касе истифода нахоҳад шуд, аммо "терроризм як нигаронии фаромиллӣ аст."
Файсал бин Фарҳон изҳор доштааст, ки кишвараш ва Ҳиндустон мехоҳанд дар Афғонистон ҳукумати фарогир, сулҳу субот бошад. Ӯ гуфт, онҳо бо вазири умури хориҷии Ҳиндустон Ҷей Шанкар дар ин маврид ба тавофуқ расидаанд.
Вазири умури хориҷии Арабистони Саудӣ бо як сафари серӯза шоми якшанбе, 19 сентябр вориди Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон шуд.
Ваъдаи "Толибон"* барои ташкили идораи нави умури занон
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Арабистони Саудӣ яке аз се кишварест, ки ҳукумати мронии "Толибон"-ро* дар солҳои 90 -ум ба расмият шинохта буд.
Ёдовар мешавем, беш аз як моҳ аст, ки "Толибон"* дар Афғонистон ҳукумат меронад, аммо ягон давлат онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ таъкид бар он доранд, ки дар Афғонистон бояд ҳукумати фарогир ташкил шавад.