ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони ноҳияи Сангвор гуфт, тайи 30 сол тавлиди маҳсулоти растанипарварӣ 20 баробар ва маҳсулоти чорво 23 баробар зиёд гаштааст.
Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон, дар Сангвор дар муқоиса ба соли 1991 кишти ғалладонагиҳо 6,6 баробар, картошка 8,8, сабзавот 5,9 ва майдони боғ 7,7 баробар зиёд шудааст.
"Инчунин дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагӣ 36 баробар, картошка 35, сабзавот 24, мева 53, гӯшт 65, шир 10 ва асал 39 баробар афзоиш ёфтааст", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Ӯ афзуд, бо вуҷуди он ки ноҳияи Сангвор дар минтақаи кӯҳсор ҷойгир аст, соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони зиёда аз 3 ҳазор гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ 1700 гектар ё 2,2 баробар зиёд мебошад.
Дар мавриди чорводорӣ зикр гардид, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ саршумори чорвои калон 6,5 баробар, чорвои хурд беш аз 9 баробар ва оилаи занбӯри асал 16 баробар зиёд шудааст.
Тибқи иттилои расмӣ, соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар Сангвор ба 163 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муддати 30 сол 21 баробар афзоиш доштааст.