Раббонӣ дар солрӯзи террори падараш ба ташкили давлати мунтахабу мардумӣ даъват кард

Салоҳуддин Раббонӣ, раиси Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон хостори ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Салоҳуддин Раббонӣ рӯзи душанбе, 20 сентябр, дар солрӯзи шаҳодати падараш Бурҳониддини Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мавриди вазъи феълию ояндаи ин кишвар изҳори назар кард.
Ба гузориши бахши дарии "Парс тудэй", Салоҳуддин Раббонӣ дар солрӯзи террори падараш Бурҳониддин изҳор дошт, ки танҳо як низоми мунтахабу мардумӣ метавонад сулҳ дар Афғонистонро пойдор созад.

"Танҳо низоми мунтахаб, ки ҳамаи мардум дар тасмимгириҳои калони миллӣ дар он ҳузури мустақим дошта бошад, метавонад кафили сулҳи одилона ва пойдор дар Афғонистон бошад",-таъкид намуд Раббонӣ.

Ӯ афзуд, ки ҳадафи аслии падараш пос доштани арзишҳо ва боварҳои динии ҷомеа, ҳифзи истиқлолу тамомияти арзии кишвар бо такя ба ирода ва интихоби мардум буд. Бурҳониддин Раббонӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон 20 сентябри соли 2011 дар шаҳри Кобул ҳадафи террор қарор гирифта буд.
Ваъдаи "Толибон"* барои ташкили идораи нави умури занон
Ба гуфтаи Салоҳуддини Раббонӣ, мардуми Афғонистон феълан ҳам дар баробари сарнавишти худ сукут нахоҳад кард.
"Толибон"*, ки феълан қудратро дар Афғонистон ғасб кардаанд, ахиран аз ташкили ҳукумати муваққат хабар доданд, ки дар он ягон намояндаи зан ҳузур надошта, асосан аз аъзои ин созмони терористӣ иборат мебошад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар