Президент маоши кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро афзуд

Дар Тоҷикистон маоши кормандони Академияи милли илҳои Тоҷикистонро афзуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар бо имзои як қарор маоши корманони Академияи милли илҳои Тоҷикистонро афзоиш додааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии президент.
"Бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он, мутобиқи моддаҳои 147 ва 149 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармон медиҳам", - афзудааст манбаъ.
Тибқи фармон, андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он аз 1 сентябри соли 2021 мувофиқи замимаҳои 1 ва 2 зиёд карда шавад.
Ҳукумати кишвар вазифадор гаштааст, ки дар муҳлати як моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
Раҳмон гуфт, қафо мондем: “дипломдор садҳо ҳазору мутахассис ангуштшумор” – видео
Қарори номгузорӣ шудани Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон моҳи марти соли 2020 аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо командони соҳаи илм ва зиёиён садо дода ва пас аз он ин ниҳоди илмӣ тағйири ном кард.
Ҳоло дар Академияи миллии илмҳо беш аз 2000 нафар корманд фаъолият менамояд, ки 32 нафари онҳо узви пайваста, 52 нафар узви вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзади илм мебошанд.