Марги як ҷавони 21-сола дар майдончаи варзишии Душанбе

Дар робита ба марги сокини ноҳияи Восеъ кормандони пулис як ҷавони 23-соларо дастгир намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Сокини 23-солаи шаҳри Душанбе дар қатли як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гумонбаршуда сокини кӯчаи А. Синои шаҳри Душанбе буда, дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба марг анҷомидааст, муттаҳам мешавад.
Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш шоми 17 сентябр, тахминан соати 21:30 дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А. Навоии пойтахт рух додааст.

"Дастгиршуда бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба бо мушт ба рӯи ӯ зарба задааст", - омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, сокини Восеъ аз ин зарба ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Куштор дар ҳолати сархушӣ: бо мушту лагад ҳамқадаҳашро беҳуш карду аз ҷайбаш пул дуздид
ВУД-и Тоҷикистон мегӯяд, тафтиши ҳодисаи мазкур идома дорад.