ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Алӣ Майсам Назарӣ, сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо телевизиони BBC гуфт: "Мо ҳаргиз мухолифи сулҳ нестем, аммо сулҳ дар худ як таърифи мушаххасе дорад".
Ӯ гуфт, барои ин ки "мо гуфтгӯро бо як душман оғоз кунем, мо онҳоро гурӯҳи террористии табаҳкор мешиносем".
"Дар ҳоли ҳозир на танҳо Ҷабҳаи муқовимат, балки мардум низ ҳеҷ эътимоде бар ин гурӯҳ надорад ва барои оғози гуфтугӯҳои ҷиддӣ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ниёз аст, ки як эътимодсозӣ сурат бигирад", - гуфт Алӣ Майсам Назарӣ.
Номбурда гуфт, ниёз аст, ки ин гурӯҳи мутаҷовиз аз манотиқе, ки марбуташ намешавад, бо он давлати кумакрасонаш ақибнишинӣ кунад ва даст аз таҷовузу ҳамла баркашад.
Сардори бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимат гуфт, то "он даме ки мо дар ин шаҳрҳо мутаҷовиз дошта бошем, ҳеҷ гуна музокира ва гуфтугӯ барои мо матраҳ нест".
Ба гуфтаи Алӣ Майсам Назарӣ, аксарияти Панҷшер дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимат аст.
"Чизе ки ҳоло душман дар даст дорад, ин дараи умумӣ аст, аммо нуқоти асосӣ ва стратегӣ дар ихтиёри Ҷабҳаи муқовимати миллист", - гуфт номбурда.
Ӯ гуфт, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Аҳмад Масъуд дар дохили кишвар дар як ҷойи амн аст, Амрулло Солеҳ низ дар кишвар аст.
* - созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар