Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ифтитоҳи хатти ҷадиди парвоз дар миёни Русия ва Тоҷикистон

Парвозҳои нав аз Русия ба чанд шаҳри Тоҷикистон дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии Русия S7 ҳар ҳафта аз Томск ба чаҳор шаҳри дигари Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.
Аз 6 ноябр рӯзҳои шанбе ду парвоз аз шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба Русия сурат мегирад.
Илова бар ин боз шудани ду хатти парвози дигар ба Хуҷанду Бохтар (Қӯрғонтеппа) барои ин ширкати ҳавопаймоии ин шаркати русӣ низ дар назар аст. Ин парвозҳо аз 7 ноябр оғоз гардида, ҳавопаймоҳо рӯзҳои якшанбе парвоз анҷом медиҳанд.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Парвоз ба Тоҷикистон аз як шаҳри муҳоҷирнишини Русия низ имконпазир шуд
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ширкати ҳавопаймоии S7 аз 6 ноябр дар рӯзҳои шанбе аз Томск ба шаҳри Ӯши Қирғизистон парвоз анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, аз 1 сентябр вуруд ба Русия барои шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои ИДМ танҳо тавассути барномаи "Саёҳат бе COVID-19" муҷоз аст.