ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Мақомоти милиса бо иттиҳоми куштор ҷавони 18-сола, сокини шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
ВУД мегӯяд, ҷавони муттаҳам 18-уми сентябр, тахминан соати 21:50 дар назди бинои маркази савдои "Душанбе"-и пойтахт бидуни далеле бо корд ба шиками ҷавони 20-сола, сокини кӯчаи Фирдавсӣ задааст.
Манбаъ афзуд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан тафтиши қазия идома дорад.
Ин дуюмин куштор дар охири ҳафтаи гузашта мебошад, ки аз ҷониби ҷавонон содир шудааст. ВУД ҳамчунин хабар дод, ки сокини 23-солаи шаҳри Душанберо боздошт намудааст, ки дар қатли як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ муттаҳам дониста мешавад.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки ҳодиса шоми 17 сентябр, замоне рух додааст, ки муттаҳам бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ дар майдончаи варзишӣ дар Душанбе ҷанҷол намуда, як маротиба бо мушт ба рӯи ӯ задааст. Дар натиҷа сокини Восеъ аз ин зарба ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Таҳқиқи ин ҳодиса низ идома дорад.