Рӯзи ахири кори қитъаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон

Дар қаламравӣ ҷумҳӯрӣ то соати 20:00 қитъаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ дар интихоботи Думаи давлатии Русия фаъолият мекнанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Қитъаҳои раъйдиҳӣ оид ба интихоботи Думаи давлатии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон рӯзи охир кушода шудаанд.
Дар ҷумҳурӣ ду участкаи интихоботй кушода шуд. Яке аз онҳо дар Маркази илм ва фарҳанги Русия дар суроғаи: кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 9/1 ҷойгир аст.
Макони дуввум дар шаҳри Хуҷанд, дар консулгарии генералии Федератсияи Русия, дар суроғаи кӯчаи Сирдарё хонаи 21 макон дорад аст.
Дар интихобот шаҳрвандони Русия ва тоҷикистониҳое, ки шаҳрвандии ин кишварро доранд ва синну солашон ба 18 расидааст, имкони овоздиҳӣ доранд.
Афтидани шими Жириновский дар баҳси қаблазинтихоботӣ (видео)
Қитъаҳои интихоботӣ аз соати 8:00 то 20:00 кор мекунанд. Барои овоз додан танҳо шиноснома пешниҳод кардан, лозим асту халос. Илова бар ин, риоя карани тамоми чораҳои беҳдоштӣ низ тақозо карда мешавад. Раъйдиҳандагон танҳо бо ниқоби тиббӣ ба қитъаҳои интихоботӣ роҳ дода мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки интихобот барои интихоби вакили Думаи давлатии Русия аз 17 то 19 сентябр идома мекунад ва давоми ду рӯзи интихобот ягон тақаллуб дар қитъаҳои интихоботӣ ба мушоҳида нарасидааст.