Дар Чин киштии мусофирбар ғарқ шуд: 8 кас ҷон бохту 7 тани дигар бедарак гардид

Дар Чин киштии мусофирбар ғарқ шуд, ҳашт нафар кушта ва ҳафт каси дигар бедарак шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 сен — Sputnik. Дар рӯди музофоти Гуйчжоу дар ҷанубу ғарби Чин як киштии мусофирбар ғақ шуд, ки дар натиҷа ҳашт нафар ба ҳалокат расида, боз 7 тани дигар беному нишон гардид.
Хабари садамаи киштии мусофирбарро ҳукумати Люпаншуй зимни як изҳорот таъйид намуд.
"Даҳ киштӣ кифоя аст": Флоти Шимолӣ маҷмааи нави зарбаҳоро аз худ мекунад
Бар тибқи хабарҳо, ҳодиса рӯзи шанбе соати 16:50 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух дод. Ин кишти бо 40 мусофир дар ноҳияи Люпаншуй чаппа шуд.
Гуфта мешавад, то соати 08.10 дақиқаи рӯзи якшанбе 31 нафар наҷот ёфтанд. Наҷотбахшон ҳамчунин ҷасади 8 қурбониро аз об берун оварданд.
Феълан, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот идома дорад ва мақомоти интизомии маҳаллӣ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.