Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Замони ташкили давлати “Толибон”* дар Афғонистон эълом шуд

Сухангӯи “Толибон”* дар гуфтугӯ бо як шабакаи хабарии ҷопонӣ дар хусуси замон ташкил ниҳоии кобинаи ҷадиди Афғонистон тавзеҳ додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Шоҳин Суҳайл, сухангӯи “Толибон”* дар хусуси сохтори давлати ҷадид дар Афғонистон ва замони ташкили он бо як шабакаи хабарии Ҷопон “NHK” гуфтугӯ кард.
Вай дар ин мусоҳиба гуфтааст, ки ташкили ниҳоии ҳукумати “Толибон” рӯзҳо ва моҳҳо тӯл мекашад ва шояд ҳайати ҳукумат тағйир ёбад.
Шоҳин Суҳайл афзуд: "Ташкили ҳукумати нав барномарезӣ шуда буд, аммо баъдтар лағв шуд".
Норозигии Раҳмон аз ҳукумати "Толибон" ва тартиботи он - видео
Сухангӯи “Толибон”* тавзеҳ дод: "Мо инро пешбинӣ карда будем, аммо шарҳҳое буданд, ки бояд ҳамаи вазирон интихоб шаванд ва мо тасмим гирифтем, ки маросимро ба таъхир андозем.
“Мо инчунин ба кишварҳое, ки даъватнома фиристода будем, аз лағви ин чорабинӣ эълон кардем”, - зикр кард оқои Суҳайл.
Сухангӯи “Толибон” гуфт: “Гурӯҳ барои муносибатҳои нав бо ИМА омода аст”.
Қаблан Толибон эълон карда буданд, ки маросими савгандёдкунии аъзои кобинаи нави ҳукумати Афғонистон рӯзи 11 сентябр баргузор мешавад.
* - гурӯҳи террористӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистону Русия маманӯъ аст