Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?

Се инфиҷори хунин дар Нангарҳори Афғонистон

Дар пайи се инфиҷор дар нуқоти мухталифи шаҳри Ҷалолободи вилояти Нангарҳор се тан кушта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Манобеъи Sputnik Афғонистон дар вилояти Нангарҳор хабар додааст, бар асари се таркиши ҷудогона дар манотиқи мухталифи шаҳр се ғайринизомӣ кушта ва 21 нафари дигар, аз ҷумла ҷангҷӯёни нерӯҳои “Толибон”* захмӣ шуданд.
Манбаъҳо афзуданд, ки таркишҳо пеш аз зуҳри имрӯз дар “Истгоҳи Кобул” –и Ҷалолобод, дар маҳаллаи шашуми шаҳр ва дар минтақаи Ангурбоғ, дар маҳаллаи чоруми шаҳр рух доданд.
Ин инфиҷорҳои ноши аз майн ҷосозӣ шуда будааст.
Раҳмон ва Раисӣ хоҳони ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар Панҷшер шуданд
Гурӯҳи “Толибон”* ҳанӯз дар ин бораи ин инфоҷорҳои ахир изҳори назар накардаанд.
Инфиҷорҳо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки субҳи имрӯз дар натиҷаи як майни часпакӣ дар минтақаи ҳавзаи 13 амниятӣ дар минтақаи Барчии шаҳри Кобул таркиш рух дод, ки дар натиҷаи он ду тан захм бардоштанд.
* - гурӯҳи террористӣ, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон ва Русия маманӯъ аст