Раисҷумҳури Эрон: давлати Афғонистон бояд фарогир бошад

Раисҷумҳурии Эрон таъкид кард, ки ҳукумат ва давлатӣ, ки дар Афғонистон барпо мешавад, бояд фарогир бошад. Вай гуфт, ки давлати марбут ба як қавм ва як гуруҳи сиёсӣ наметавонад мушкилоти ин кишварро ҳал кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон пас аз дидор бо кишвардори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар нишасти матбуотӣ бо таъкид бар лузӯми тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ гуфт, хушбахтона назароти мо нисбат ба Афғонистон боҳам наздик аст, иттилоъ додааст ИРНА.
“Мо муътақидем дахолати бегонагон мӯҷиби балоҳои бешуморе дар ин кишвар шуд ва бояд дасти бегонагонро қатъ кард. Ҳаргиз бегонагон на тавонистанд амният эҷод кунанд ва на амниятсоз буданд ва идомаи ҳузуру нақшофаринии бегонагонро намепазирем”, - таъкид дошт раисҷумҳури Эрон.
Раисӣ бо таъкид бар инки ҳузури террористҳо дар Афғонистон на танҳо барои ин кишвар, балки барои минтақа хатарнок аст, гуфт, имрӯз амрикоиҳо, ки “ДИИШ” (гурӯҳи террористӣ, км дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст)-ро ташкил доданд ва баъд аз инки мӯҷиби шарорат дар Ироқ ва Сурия шуд ба самти истиқрори он дар Афғонистон рафтанд.
Раҳмон ва Раисӣ хоҳони ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар Панҷшер шуданд
Раисӣ ҳамчунин аз тавсеа ва беҳтар намудани равобит бо Тоҷикистон таъкид кард.
“Фасли навине аз равобити ду кишвар дар ҳоли рақам хӯрдан аст ва умедворам ин сафар нуқтаи атфе дар равобит ва ҳамкориҳои Теҳрон – Душанбе бошад”, - гуфт раисҷумҳури Эрон.
Бояд гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин нишасти хабарии муштарак аз Эрон ба унвони кишвари дӯст ва ҳамзабони Тоҷикистон ном бурд ва бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ ва динӣ миёни Эрону Тоҷикистон, бар тавсеа ва таъмиқи ҳарчӣ бештари равобит таъкид кард.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ишора ба таҳаввулоти ахир дар кишвари Афғонистон, гуфт, хоҳони истиқрори сулҳу суботи комил дар Афғонистон ҳастем ва муътақидем оромиш дар Афғонистон зомини таъмини амнияти минтақа аст ва таъсиси як давлати фарогир ва ҳамашумӯл дар Афғонистонро омили калидӣ барои истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар медонем.