Ҳавопаймои ширкати Pakistan Airlines аз Исломобод ба фурудгоҳи Кобул фуруд омад ва баъдан хоҳишмандонро, ки мехостанд Афғонистонро тарк кунанд ба Покистон расонд.
Парвоз бо ин ҳавопаймо имкон буд бо хариди чипта анҷом дод.
Маълум аст, ки ҳафт рӯзноманигори хориҷӣ аз Покистон ба Афғонистон парвоз кардаанд.
Ширкати ҳавопаймоӣ ба РИА Новости гуфт, ки то ҳол тасмим дар бораи аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам аз Покистон ба Кобул ва баръакс гирифта нашудааст.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки як ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии эронии Маҳан аз Теҳрон рӯзи шанбе ба фурудгоҳи пойтахти Афғонистон фуруд оамд.