ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik.Муомилоти мол байни Чин ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар 20 соли охир 20 маротиба афзудааст, хабар медиҳад телевизиони марказии Ҷумҳурии Мардумии Чин бо истинод ба Вазорати тиҷорат.
Тибқи иттилои расмӣ, дар соли 2001 ҳаҷми тиҷорати байни Чин ва кишварҳои узви СҲШ ҳамагӣ 12 миллиард доллар буд.
Ҳамзамон, дар соли 2020 ин рақам ба 245 миллиард доллар расид.
Гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то июли соли 2021 гардиши мол байни Чин ва кишварҳои узви СҲШ 180,6 миллиард долларро ташкил додааст. Нишондиҳанда дар як сол 41% афзоиш ёфт.
То охири моҳи июли соли 2021 бошад, Чин ба кишварҳои узви СҲШ беш аз 70 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.