ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ, вазири таъовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Эрон, ки ба ҳамроҳи раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон сафар кардааст дар дидор бо Ҷамолиддин Абдуллоҳзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, Эрон таъкиди вижае бар тавсеаи равобит бо кишварҳои минтақа дорад, иттилоъ додааст ИРНА.
Вай, зимни ибрози хурсандӣ аз ин дидор ва табрики 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар ишора кард ва гуфт, Тоҷикистон дар муносиботи минтақа ҳамвора ҷойгоҳи муҳимме барои Эрон дорад.
Вай таъкид кардааст, ки бояд нисбат ба баргузории нишастҳои коршиносӣ барои тадвини барномаҳои иҷроӣ ва иттихози роҳкорҳои муносиб иқдом кунем.
Ҳуҷҷати Абдулмаликӣ аз омодагии комили ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳои муштарак ба хусус дар ҳифзи иҷтимоӣ бо Тоҷикистон хабар дод.
Вазири эронӣ афзуд, ду кишвар таҷрибиёти бисёр ғанӣ дар заминаҳои беҳдоштӣ, хадамоти тавонбахшӣ ва тавонмандсозии маълулон доранд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон низ дар ин дидор, кор ва рифоҳи иҷтимоӣ бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар таъкид кард.
Вай аз ҳамкорӣ ва кумакҳои башардӯстонаи Эрон ба Тоҷикистон дар даврони паҳншавии вируси корона ташаккур ва қадрдонӣ кард.