Бебориш ва 38 дараҷа гармӣ: дамои ҳаво дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон ҳаво бебориш мешавад, аммо сардиҳо дар шарқи ВМКБ то 9 дараҷа мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 7+12 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд низ камабри бебориш пешгӯи мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Гарму бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳавошиносони тоҷик
Дар вилояти Хатлон бошад, ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.